гудоз — I [گداز] 1. асоси замони ҳозира аз гудохтан 2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маънои гудозанда: чӯянгудоз, пӯлодгудоз, ҷонгудоз… II [گداز] 1. гудозиш, обшавӣ, гудохташавӣ 2. маҷ. сӯзиш, дард, алам; сӯзу гудоз азоб, машаққат; алам, ғаму… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дард — [درد] 1. ҳисси нохушии ягон узв, ранҷ, озор, азият: дарди ҷонгудоз, дарди ҷонкоҳ, ба дард даромадан, ба дард тоқат кардан 2. беморӣ, касалӣ, мараз: дарди гулӯ, дарди дандон, дарди чашм; дард дигар, аҷал дигар (зарб.); дард гирифтан сар шудани… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилсӯзона — [دل سوزانه] 1. ғамхорона, аз рӯи меҳрубонӣ, бо ҳисси тараҳҳум: дилсӯзона маслиҳат додан, дилсӯзона маслиҳат кардан 2. ба таври ҷонгудоз, ба таври ҳузновар; таъсирбахш … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
дилхарош — [دلخراش] ҷонкоҳ, ҷонгудоз, пурсӯзу гудоз, риққатангез: нолаи дилхарош, оҳанги дилхарош … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
фаҷеъ — [فجيع] а. кит. дарднок, ҷонгудоз, риққатовар, фоҷиаовар, фоҷиазой … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷаҳонсӯз — [جهان سوز] 1. сӯзонандаи ҷаҳон, золим, ситамгор; истилогар 2. ҷонгудоз (дар бораи оҳ, нола, фиғон, фарёд) … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷонгусил — [جان گسيل] ҷонгудоз, ҷонкан, кушанда; шабохуни ҷонгусил … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷонкоҳ — [جان کاه] 1. ҷонгусил, ҷонгудоз, пурдард, пуразоб: нолаи ҷонкоҳ, овози ҷонкоҳ, оҳи ҷонкоҳ, садои ҷонкоҳ, фарёди ҷонкоҳ 2. кушанда, марговар, ҷонбарор: найзаи ҷонкоҳ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷонситон — [جان ستان] 1. ҷонгир, кушанда 2. ҷонгудоз, ҷонгусил, бисёр сахт … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҷонсӯзӣ — [جان سوزي] 1. пурсӯзӣ, пураламӣ, пуразобӣ, ҷонгудозӣ 2. ғамхорӣ, дилсӯзӣ: ҷонсӯзӣ кардан ба касе, чизе; ҷонсӯзӣ кардан дар ҳаққи касе, чизе … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ